Таърихи шуъба
Низомнома
Мутахассисон
Фаъолият
Дастовардхо
Суратхо

 

 


 

 



                                                                                                                           Сахифаи асоси     Ахбор     Нишони мо

Таърихи шуъба

Шуъбаи меъмори ва шахрсозии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Панчакент соли 1979 ташкил ёфта, дар назди сармеъмори шахр гурухи худхисобиистехсолию лоихакаши кушода шудааст. Шуъбаи мазкур то инчониб фаъолият намуда истодааст.

Дар назди сармеъмори шахр гурухи худхисоби истехсолию лоихакаши амал мекунад, ки дар он 4 нафар мутахассис, 1 нафар мухосиб, 1 нафар хукукшинос, 1 нафар коргузор ва 1 нафар компютерчик мувофики чадвали вохиди кори фаъолият мекунанд ва аз руи накшаи кори солона амал менамояд. Шуъба дорои лисензияи оиди корхои лоихакаши буда, мувофики фармоиш корхои лоихакаширо ба ичро мерасонад.
Дар давоми соли равон шуъба мувофики накшаю чорабинихои тартибдодашуда ва супоришхои Раиси шахр бисёр корхоро ба ичро расонид.

Шуъбаи меъмори ва шахрсозии Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Панчакент мунтазам ва хамаруза мувофики накшаи генералии шахр, ки аз тарафи Пажуишгохи Давлатии лоихасозии "Точикгипрострой" соли 1984 тархрези шудааст, амал намуда дар асоси конунхои амалкунанда ва дастуру низомномахои Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба сохтмон, конун дар бораи меъморию шахрсози ва карору супоришхои саридораи меъмории Хукумати вилояти Сугд ва инчунин супоришхои Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Панчакент фаъолият менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   

 

 

 

IATP is funded by US Agency for International Development (USAID) and administered by International Research & Exchanges Board (IREX)